Sunday 20 May 2007

Multimedia lesson - Дарси чандрасонаи

Имруз, 20-уми майи соли 2007, тренерони лоихаи Интернет барои Рушд малакаи тахияи дарсхои чандрасонаиро (мультимедийный урок) аз худ намуданд. Ташаккури худро ба тренери имрузаи онхо - Чамшед Алексеев баён менамоем. Дар рафти тренинг шунавандагон аз программахои CamStudio ва Camtasia Studio истифода бурданд. Умедвори он хастем, ки тренерон дарсхои бештари худро бо истифода аз ин технология хоханд гузаронд.
Агар CamStudio тахти литсензияи GNU GPL пахн гардад, Camtasia Studio бошад Shareware, яъне пеш аз харидани программа барои санчиш истифодаи онро ичозат медихад, ба шумор меравард. Хардуи ин программахо дар системаи оператсионии MS Windows ба кор бурда мешаванд.

Пас аз каме чустучу версияи чунин барномаро барои ичро дар системаи оператсионии Linux пайдо намудем. Ин хам бошад xvidcap ном дорад. Намуди зохирии он чунин аст.

Thursday 17 May 2007

Мохияти технологияхои электронии омузиш дар рушди бозори маориф

Дируз, 16-уми майи соли 2007, семинари минтакавии ташкилкардаи ISESCO ва Вазорати маорифи кишвар кори худро анчом дод. Давоми се рузи устодони донишкадахои Точикистон имкон доштанд бо тадбики технологияхои электронии омузиш дар кишвархои минтака, алалхусус Эрон, Покистон ва Афгонистон шинос шаванд. Тачрибаи бой ва чанде аз маводхои, бо истифода аз ин технологияхо эчодкардаи олимону мутахассисони эрони, ки пешкаши иштирокчиён гардид, мисоли бамавриду рухбаландкунандае буданд барои мутахассисони ватани. Кайд кардан зарур аст, ки тадбики харчи зудтару самарабахши ин технологияхо боиси на танхо рушди контенти маърифативу фарогатии миллии Интернет ва дастрасии бештари донишчуён ба сарчашмахои илмиву маърифатии ватаниву хоричи мегардад, балки тамоми минтакаи форсизабонро ба бозори потенсиалии донишкадахои Точикистони низ табдил медихад. Дар акси, хол пас аз чанд соле, кисми зиеди чавонони кишвар аз имкони тахсил дар донишкадахои виртуалии (мачози, ба кавли дустони эрони) минтакаву чахон бештар истифода хоханд бурд. Ба хотири донишу малакаи бозоргирро аз худ кардан. Чунки тахсил дар донишкадахои ватании имконотхои технологияхои ракамии омузишро инкор мекардаги, танхо сарфи бехудаи вакту маблаг мегардаду халос. Инкор намудани дастовардхои пешкадам рохи ягонаи баландбардории кадри кимати худ нест.

Tuesday 15 May 2007

Сохтани вебсайтхо дар Хатлон


Аз 3-юм то 6-уми майи соли 2007 Фонди Чамъиятии Ибтикори шахрвандии сиёсати Интернет дар ду шахри калонтарини вилояти Хатлон - Кургонтеппа ва Кулоб семинар оид ба сохтани вебсайтхо гузаронид. Иштирокчиёни ин чорабини - кормандони 14 муассисаи илмиву таълими вилоят на танхо малакаи истифодаи хадамоти Интернет ва сохтани вебсайтро аз худ карданд, балки сайтхои муассисахои худро низ сохтанд.

Regional Seminar on New E-teaching Technologies

It is a privilege for me to participate in the work of the Regional Seminar on New Electronic Teaching Technologies for the Benefit of Science Teachers that has been currently conducted in Dushanbe, Tajikistan. The seminar started its work at the Ministry of Education of RT on May 14, 2007 and it is now continued at the new Library of the Tajik State University of Commerce.

This event has been jointly organized by the ISESCO and the Ministry of Education of RT. Taking the advantages of this opportunity I would like to thank the organizers, particularly Dr. Attaran, Mr. Mahmud Amoni Tehroni, Mr. Mohammad Reza Sadri, Mr Muhammad Rahim Dostzada, and Mr. Humayun Mazhar Sheikh.

Ричард Столлман: Озод ҳамчун Озодӣ

Ибораи “барномаи озод” баъзан нодуруcт шарҳ дода мешавад. онро ҳамчун барномаи беарзиш (ройгон) қабул менамоянд, ҳол он ки ин ибора ба арзиши барнома ягон вобаcтагие надорад. Дар ин ҷо cухан дар бораи озодӣ меравад. Барои рушанӣ андохтан ба ин ибора чунин таъриф пешкаш карда мешавад:
Барномаи компютерӣ озод шуморида мешавад, агар шумо ҳамчун иcтифодабарандаи он дорои ҳуқуқҳои зерин бошед:
озодона иcтифода бурдани он барои ҳалли маcъалаи дилхоҳ;
озодона такмил додани он мувофиқи эҳтиёҷи худ (азбаcки такмил додани барнома бе аcоcи (код) он бениҳоят мушкил аcт, даcтраc будани аcоcи барнома баҳри cамаранокии ин амал зарур аcт);
озодона паҳн намудани нуcхаҳои он бо арзиши начандон гарон ва ё ройгон;
озодона паҳн намудани шакли такмилдодаи он баҳри манфиате, ки барномаи беҳтар намудаи шумо, ба ҷо меоварад.
Азбаcки калимаи “озод” дар ин ибора озодиро мемонад на балки арзишро, хилофате миёни амали фурухтани нуcхаҳои барнома ва озод (даcтраc) будани он вуҷуд надорад. Аcлан озодии cавдои нуcхаҳои барномаҳо барои ҷомеаи барномаcоз бениҳоят муҳим аcт, чунки фурухтани CD-ҳои дорои cилcилаи барномаҳои озодаcоc яке аз воcитаҳои руёндани маблағ барои рушди худи ин барномаҳо мебошад. Барномае, ки илова карданаш ба ин cилcила монеаи ҳуқуқие дорад, барномаи озодаcоc шуморида намешавад. (тарҷимаи Асомиддин Атоев – atoev@policy.hu)

Richard Stallman on Free Software, Essays

Манфиати Барномаҳои Озодасос ба Точикистон

Барномаҳои оператсионӣ (компютерӣ) маъмул дар кишвари мо инҳоянд:
MS DOS
MS Windows 95/98/Me/NT/XP/2000
GNU/Linux
MacOS
UNIX ва ғайра.

Ин барномаҳо дар ҷомеаи мо низ рӯзафзун қисман ва ё ба таври васеъ, вобаста аз огаҳмандии мутахассисон, истифода бурда мешаванд. Монандӣ ва тафовути онҳо дар чист? Монандии ҳамаи онҳо ин натиҷаи меҳнати зеҳнии барноманависон буда, барои истифода ва тағир додани онҳо литсензия (иҷозатнома) лозим аст. Тафовути қатъии онҳо ба барномаҳои хусусӣ (проприетарӣ) ва озод (озодасос) ҷудо шуданашон аст.

Дар ҷомеаи мо ба монанди дигар кишварҳои муштараккулманофеъ барномаҳои хусусӣ беш аз дигар барномаҳо, хусусан дар сатҳи муштариён, истифода бурда мешаванд. Намунаи ин барномаҳо ҳамаи барномаҳои истеҳсоли компанияи нармафзории Майкрософт (Microsoft)мебошанд, ба мисли
Барномаҳои оператсионӣ
MS DOS, MS Windows 95/98/Me/NT/XP/2000
MacOS
UNIX
Барномаҳои амалӣ
MS Office (MS Word, MS Excel ва ғайра), мултимедиа, графика

Ин барномаҳо дар асоси шартномаи литсензионӣ барои мӯҳлати муайян фурӯхта мешаванд. Шартномаи мазкур танҳо барои истифода дар як компютер в ё гурӯҳи компютерҳои шабакаи дохилии як созмон дода мешавад. Мувофиқи ин шартнома компанияи Майкрософт ҳуқуқи ба шахси сеюм додани ахбороти техникии муштариро дорад. Истифодаи белитсензияи барнома мумкин аст, вале ҷиноят ба шумор меравад.

Барномаҳои озодасос барномаҳоеанд, ки дар асоси Литсензияи Ҷамъиятии Кулл (GNU GPL – GNU General Public License) истифода, паҳн ва такмил дода мешаванд. Асоси барномаи озодасос (коди он), ки натиҷаи ҳамкории мутахассисони тамоми дунёст, ба ҳама дастрас аст. Ҳар як шахси ҳавасманд метавонад барномасози ин барномаҳо бошад. Асоси "Барномаҳои озод" ин пеш аз ҳама озодист на балки арзиш. Ин суханон бунёди Литсензияи Ҷамъиятии Куллро (ЛҶК) ташкил медиҳанд, ки онро Ричард Столлман, асосгузор ва роҳбари фонди Барномаҳои Озодасос (Free Software Foundation, http://www.fsf.org/), тартиб додааст. Имрӯзҳо литсензияҳои ба ЛҶК монанд бисёр бошанд ҳам, ҳадафи ҳамаи онҳо озодии истифодабаранда ва инкишофдиҳандаро ҳифз намудан аст.

Намунаи барномаҳои озодасос ин барномаи оператсионии – GNU/Linux мебошад, ки аз ҷониби Линус Торвалдс дар ҳамкорӣ бо барномасозони дигар сохта шудааст. Он дорои хосиятҳои барномаи оператсионии замонавист. Линукс мағзи барномаи оператсионӣ буда, барои тамоми силсилаҳои (дистрибутивҳо) гуногуни ин барнома, ки баъзеяшон дар поён оварда шудаанд, ягона аст:
GNU/Linux Mandrake
GNU/Linux redhat
GNU/Linux SuSE
GNU/Linux Debian
GNU/Linux Knoppix

Барномаҳои озодасосро умуман ба 3 категорияи зерин ҷудо кардан мумкин аст:
Барномаҳо барои компютери фардӣ ё барои истифодаи муштариён ба мисли барномаҳои коркарди матн, таблитсаҳои электронӣ, сохтани намоишномаҳо, роҳбаладҳо, коркарди почтаи электронӣ ва монанди инҳо.
Барномаҳо барои ташаккул, рушд ва ҳифзи шабакаи компютерӣ. Ба ин категория барномаҳои оператсионӣ, серверҳо (почта, туранкубат (веб), прокси, манбаи файлҳо, ва ғайра) дохил мешаванд.
Барномаҳои амалие, ки барои қонеъи талаботи дохилӣ сохта шудаанд. Ба мисли барномаҳое, ки характери омӯзишӣ доранд.

Бартарии барномаҳои озодасос аз барномаҳои хусусӣ дар дастрас будани онҳо, чӣ бо нарх ва чӣ бо мазмун ва аз ҳама муҳимаш озод будани истифода, паҳн намудан ва мутобиқ кардан ба талаботи маҳал мебошад. Илова бар ин барномаҳои озодасос имкони сохтани барномаҳои нав дар асоси барномаҳои мавҷудбударо низ фароҳам меоварад.

Дастрас будани яке аз силсилаи барномаҳои озодасоси оператсионӣ GNU/Linux Mandrake ба забони давлатии мо нишондиҳандаи хуби гуфтаҳои болост. Ин барнома бо ташаббуси мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ аввалин шуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба забони тоҷикӣ тарҷима шудааст. Албатта мавҷуд будани чунин барномаҳо дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ дар кишвари мо аҳамияти хоса дорад. Чунки ин барномаҳо на танҳо аз рӯи арзиш балки бо мазмун низ дастраси он муштариёнест, ки забони русӣ ё англисиро намедонанд. Илова бар ин мазмуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба забони давлатӣ, боиси огаҳмандии ҷомеа ва истифодаи пурсамари иқтидори ин технологияҳо дар ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ мегардад. Барномаҳои озодасос, аз он ҷумла ба паст ва ҳатто нест намудани истифодаи ғайриқонунии барномаҳои хусусӣ (проприетарӣ) мусоидат менамоянд, ки ин на танҳо ба кишвар фоидаи молӣ меоварад, балки обрӯи онро дар бозори ҷаҳонӣ низ мебардорад.

Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист, имрӯзҳо баҳри ташаккул ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ дар талош аст. Барои Тоҷикистон ин раванд имконияти то ба ҳол ғайриимконро фароҳам овардааст. Чунин имконият узви комилҳуқуқи ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ гардидан аст. Барои ба ин мақсад ноил гаштан кишвар бояд дорои ҷои худ дар иқтисодиёти глобалӣ (иқсодиёти асосаш маърифат) бошад, ки ин дар навбати худ рушд додани иқтидори экспортии кишварро талаб менамояд. Инчунин афзудани моли асосии ин навъи иқтисодиёт - моликияти зеҳнии кишвар нақши муҳимро дар ин раванд мебозад.

Албатта, ин ҳадаф аз нигоҳи шахсе, ки аз иқтидори технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ огаҳ нест, бениҳоят ғаразнок менамояд. Лек бо назардошти он, ки ин технологияҳоро ба осонӣ ба шароитҳои маҳаллӣ мутобиқ карда, барои ҳалли масъалаҳои гуногун пурсамар истифода бурдан имконпазир аст, расидан ба ин ҳадаф чандон мушкил нест ва мӯҳлати тулониро низ наметалабад.

Истифодаи пурсамари технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ ҷиҳати қонунии истифодаро низ дар бар мегирад. Агар барномаҳои компютерии хусусӣ, ба мисли имрӯза, дар тамоми соҳаҳо белитсензия истифода бурда шаванд, чунин истифода пурсамар буда наметавонад. Чунки ин ҳолат ба монополияи як компания дар тамоми кишвар ва ҳатто минтақа оварда мерасонад. Илова бар ин истифодаи белитсензия обрӯи кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳаргиз бардошта наметавонад.

Бисёр кишварҳои олам ҳалли осону дастраси ин қазияро дар истифодаи барномаҳои компютерии озодасос мебинанд. Чунки дар баробари он, ки ин барномаҳо ҳам аз ҷиҳати мазмун (бо забони давлатҳои гуногун, новобаста аз шумори аҳолӣ) ва ҳам бо арзиш дастраси ҳамагон буда метавонанд, онҳо дар асоси литсензияе дастрас мешаванд, ки чор намуди озодиро пешниҳод менамояд:
1 - озодӣ дар истифода
2 - озодӣ барои омӯзиш
3 - озодӣ дар паҳн намудани барнома
4 - озодӣ дар пешкаш намудани коди такмил додашудаи барнома

Яъне, ҳар як шахс ҳуқуқи истифода бурдан, такмил додан ва паҳн намудани ин барномаҳоро дорад. Илова бар ин истифодаи онҳо монополияи як компанияро хотима дода, ба кишвар истиқлолияти технологӣ (рақамӣ) меоваранд. ин дар навбати худ ба ташаккули ҷойҳои кории нав, истифодаи пурсамари компютерҳои фардии кӯҳна, тарбияи мутахассисони ватании дорои малакаи ҷаҳонӣ, фардои боэътимоди проектҳои имрӯза дар соҳаи маориф, дараҷаи баланду боэътимоди бе- хатарии иттилоотӣ, озодии муштариёни технологияҳои нав аз вирус ва манфиатҳои дигар оварда мерасонад.
Асомиддин Атоев
IPF 2004 Fellow,
atoev@policy.hu
http://www.policy.hu/atoev
июли соли 2005

Барномаи Озодасос Чист?

Барномаҳои озодасос барномаҳоеанд, ки дар асоси Литсензияи Ҷамъиятии Кулл (GNU GPL – GNU General Public License) истифода, паҳн ва такмил дода мешаванд. Асоси барномаи озодасос (коди он), ки натиҷаи ҳамкории мутахассисони тамоми дунёст, ба ҳама дастрас аст. Ҳар як шахси ҳавасманд метавонад барномасози ин барномаҳо бошад. Асоси "Барномаҳои озод" ин пеш аз ҳама озодист на балки арзиш. Ин суханон бунёди Литсензияи Ҷамъиятии Куллро (ЛҶК) ташкил медиҳанд, ки онро Ричард Столлман, асосгузор ва роҳбари фонди Барномаҳои Озодасос (Free Software Foundation), тартиб додааст. Имрӯзҳо литсензияҳои ба ЛҶК монанд бисёр бошанд ҳам, ҳадафи ҳамаи онҳо озодии истифодабаранда ва инкишофдиҳандаро ҳифз намудан аст.