Monday 11 August 2008

Парвози андешаҳо дар фазои маҷозӣ


Дар натиҷаи семинари дурӯзаи “Интернет журналистика” блогҳои зерини журналистони ҷавони тоҷикистонӣ сохта шуд. Умед аст, ки ин блогҳо дар рушди фазои маҷозии (виртуалии) кишвар саҳми арзандае мегузоранд.

Шунавандагони гиромии семинар! Аз номи ҳамаамон ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ миннатдорӣ изҳор карданиам. Пас аз он як ҷаҳон ташаккур ба шумо барои ҷасорат, эҷодкорӣ ва муҳимтар аз ҳама бовар кардан ба нерӯи худ. Ба он нерӯе, ки эҷод менамояд, на ба дарёфту дуздидани (плагиат) эҷодкардаи дигаре исроф мешавад, ба он нерӯе, ки бечорагии тоҷикиро написандида аз чораҳои мавҷуда истифода мебараду чораҳои нав месозад, ба он нерӯе, ки қодир аст, ҷомеаи тафаккури дастнигарӣ доштаро ба истеҳсолкунанда табдил диҳад, ба он нерӯе, ки дастовардҳои ҷаҳониёнро барои ҳалли масоили ватанӣ мутобиқ мегардонад ва на баръакс, ба он нерӯе, ки фазои маҷозии ватаниро ҷолиби диққати оламиён гардонида кишварро аз канори олам ба маркази он меоварад, ба он нерӯе, ки аз сарфи зиёд меафзояд, ба он нерӯе, ки қонунро на танҳо дар сухан муқаддас мешуморад ва роҳҳои татбиқи онро месозад ва на роҳҳои вайрон кардани онро, ба он нерӯе, ки на танҳо дар сухан балки дар амал бештар шукргузор аст. Қадами нахустин муборак бошад
Мирзомурод
Гулафшон
Музаффар
Марҷона-Фараҳноз
Рӯҳафзо
Зиёратшоҳ
Фарзона
Зулфия
Фаридун
Мисринисо
Хайрулло
Раҳматулло



Аз номгузории Фаридун баҳра бурда, гуфтан мумкин аст, ки Шумо ҳама кибернавард (кибер - шакли русии cyber) ва ё бо истилоҳи англисӣ сайбернавардед (cyber - one of the Internet-related prefix).

Бо тақдими эҳтиром ба шумо ва ҳамкасбони азизам Фариштамоҳу Сайфулло!

асомиддин