Saturday 14 June 2008

Internetjournalism and contemporary world

Today 14 young journalist came together in the Friedrich Ebbert Foundation office in Dushanbe to discuss the advantages of the Internet journalism. This event was jointly organized by the Friedrich Ebbert Foundation and Loiq Sherali Foundation.

Thursday 5 June 2008

Lingua Franca-и Осиёи Марказии Рақамӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар он

Асрҳои тӯлонӣ забони илму фарҳанг, давлатдориву тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он забони тоҷикӣ (форсӣ) ба шумор мерафт. Забонеро бо чунин иқтидор ва мартаба забони лингуа франка (lingua franca) номидан мумкин аст. Дар асри гузашта ва кунунӣ ин нақшро дар минтақа забони русӣ бозида истодааст.

Эзоҳ: Lingua Franca, аслан ибораи италявӣ буда, забонеро меноманд, ки ҳамчун забони муоширату тиҷорати байни кишварҳо васеъ истифода бурда мешавад.

Мавқеи забони русӣ дар минтақа ҳамчун забони илму фарҳанг, алалхусус дар соҳаи илмҳои дақиқ, имрӯз шояд аз даҳсолаи охири асри ХХ ҳам дида қавитар бошад. Нақши сарчашмаҳои шабакаи Интернет бо забони русӣ дар ин мавқеъ бениҳоят бузург аст, ки далели иқтидори ТИК буда метавонад. Бештари корбарони Интернет дар минтақа новобаста аз синну солашон аз шабакаҳои иҷтимоии он ба мисли одноклассники ва "мой мир" ва ғайра васеъ истифода мебаранд. Қисми бештари корбарони тоҷикистонии Интернет, ки тақрибан ба 7%1 аҳолии кишвар баробар аст, муштариёни ин гуна сарчашмаҳои иҷтимоии русзабон мебошанд. Бо хотиррасон намудани қонуни Меткалф, гуфтан мумкин аст, ки арзиши шабакаи русзабон дар Тоҷикистон, шояд ҳатто дар минтақа, нисбати арзиши шабакаи тоҷикизабон бузургтар аст. Ин, аз як тараф, сабаби заиф будани сарчашмаҳои тоҷикизабони Интернетро нишон диҳад (эҷодкорони вебсайтҳо, ба истилоҳ вебстудияҳо, ҳавасманд нестанд барои эҷоди чунин сайтҳо), аз тарафи дигар далелест ба он нукта, ки киберфазои (фазои виртуалӣ, маҷозӣ) як кишвар метавонад аз қаламрави воқеии он борҳо бузургтар ва доимо дар афзоиш бошад. Ин мисол низ аз он гӯвоҳӣ медиҳад, ки арзиши шабакаи тоҷикистонии Интернетро бо рушди сайтҳо бо дигар забонҳои маъмули чи минтақа (русӣ, ӯзбекӣ, чинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ) ва чи олам афзудан мумкин аст. Яъне, на танҳо қаламрави виртуалии кишвар (киберфазо) бузургтар аз қаламрави воқеии он ва беандоза буда метавонад, балки шумораи «сокинони виртуалии» (киберсокин) он низ бузургтару доим дар афзоиш буданаш имконпазир аст. Болоравии арзиши шабакаи тоҷикистонии Интернет боиси тафсидани бозори он мегардад, ки ин худ ҳавасмандии вебстудияҳоро (ва на танҳо ватаниро) барои эҷоди сайтҳо бо забони тоҷикӣ низ вусъат медиҳад.

Идомаи маърузаро аз ин суроға ёфта метавонед

Моҳияти НОКА дар таҳкими забони тоҷикӣ

Ҳадафи ин маърӯза равшанӣ андохтан ба саволи "Кист ҳавасманди рушди бозори нармафзорҳои хусусии ғайрилитсензионӣ ва ин рушд то кадом андоза муфид аст барои забони тоҷикӣ?" Барои кӯмак чанд фарзияеро пешниҳод намуда исбот менамоем. Барои исботи ин фарзияҳо додаҳои BSA ва Бонки Ҷаҳонӣ истифода шудаанд.

Фарзияи 1: “Дараҷаи пазируфтаи ғайрилитсензионӣ (ғайриқонунӣ) паҳн ва истифода шудани нармафзорҳои хусусӣ” (проприетарӣ), ба истилоҳ “пиратӣ”, вуҷуд дорад.

Фарзияи 2: Бузургии «дараҷаи пазируфтаи ғайрилитсензионӣ дастрас шудани НХ» бо рушди иқтисодиёти кишвар ва болоравии шумораи корбарони компютерии он паст мешавад, валекин решакан карда намешавад.

Фарзияи 3. Бо афзоиши шумораи корбарон дар ин кишварҳо ҳиссаи корбарони қонунӣ густариш меёбад, гарчанде ҳаҷми зарар, яъне маблағи гумкардаи ширкатҳои нармафзорӣ низ меафзояд. Лек ин зарар маблағгузориест ба бозори ширкат дар ояндаи начандон дур.

Исботи ин фарзияҳоро аз ин суроға дастрас метавон кард.