Thursday 5 June 2008

Lingua Franca-и Осиёи Марказии Рақамӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар он

Асрҳои тӯлонӣ забони илму фарҳанг, давлатдориву тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он забони тоҷикӣ (форсӣ) ба шумор мерафт. Забонеро бо чунин иқтидор ва мартаба забони лингуа франка (lingua franca) номидан мумкин аст. Дар асри гузашта ва кунунӣ ин нақшро дар минтақа забони русӣ бозида истодааст.

Эзоҳ: Lingua Franca, аслан ибораи италявӣ буда, забонеро меноманд, ки ҳамчун забони муоширату тиҷорати байни кишварҳо васеъ истифода бурда мешавад.

Мавқеи забони русӣ дар минтақа ҳамчун забони илму фарҳанг, алалхусус дар соҳаи илмҳои дақиқ, имрӯз шояд аз даҳсолаи охири асри ХХ ҳам дида қавитар бошад. Нақши сарчашмаҳои шабакаи Интернет бо забони русӣ дар ин мавқеъ бениҳоят бузург аст, ки далели иқтидори ТИК буда метавонад. Бештари корбарони Интернет дар минтақа новобаста аз синну солашон аз шабакаҳои иҷтимоии он ба мисли одноклассники ва "мой мир" ва ғайра васеъ истифода мебаранд. Қисми бештари корбарони тоҷикистонии Интернет, ки тақрибан ба 7%1 аҳолии кишвар баробар аст, муштариёни ин гуна сарчашмаҳои иҷтимоии русзабон мебошанд. Бо хотиррасон намудани қонуни Меткалф, гуфтан мумкин аст, ки арзиши шабакаи русзабон дар Тоҷикистон, шояд ҳатто дар минтақа, нисбати арзиши шабакаи тоҷикизабон бузургтар аст. Ин, аз як тараф, сабаби заиф будани сарчашмаҳои тоҷикизабони Интернетро нишон диҳад (эҷодкорони вебсайтҳо, ба истилоҳ вебстудияҳо, ҳавасманд нестанд барои эҷоди чунин сайтҳо), аз тарафи дигар далелест ба он нукта, ки киберфазои (фазои виртуалӣ, маҷозӣ) як кишвар метавонад аз қаламрави воқеии он борҳо бузургтар ва доимо дар афзоиш бошад. Ин мисол низ аз он гӯвоҳӣ медиҳад, ки арзиши шабакаи тоҷикистонии Интернетро бо рушди сайтҳо бо дигар забонҳои маъмули чи минтақа (русӣ, ӯзбекӣ, чинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ) ва чи олам афзудан мумкин аст. Яъне, на танҳо қаламрави виртуалии кишвар (киберфазо) бузургтар аз қаламрави воқеии он ва беандоза буда метавонад, балки шумораи «сокинони виртуалии» (киберсокин) он низ бузургтару доим дар афзоиш буданаш имконпазир аст. Болоравии арзиши шабакаи тоҷикистонии Интернет боиси тафсидани бозори он мегардад, ки ин худ ҳавасмандии вебстудияҳоро (ва на танҳо ватаниро) барои эҷоди сайтҳо бо забони тоҷикӣ низ вусъат медиҳад.

Идомаи маърузаро аз ин суроға ёфта метавонед

4 comments:

Anonymous said...

Hello.This post was extremely fascinating, especially

because I was investigating for thoughts on this matter last

Wednesday.

Take a look at my web page; prod-cybercommunes.integra.fr

Anonymous said...

Fantastic blog you have here but I was curious about if you knew of any community forums that cover the same topics
talked about here? I'd really like to

be a part of community where I can get responses from other experienced people that share the same interest. If you have any

recommendations, please let me know. Thanks a lot!

Here is my blog post ... torrevieja el berliner

Anonymous said...

Howdy! Do you know if they make any plugins to assist with

SEO? I'm trying to get my blog to rank for some targeted keywords but I'm not seeing very good

results. If you know of any please share. Thank you!

my website http://matap.dmae.Upm.es/

Anonymous said...

I do agree with all the ideas you have presented in your post.
They're really

convincing and will definitely work. Still, the posts are too short for beginners. Could you please extend them a little from next time? Thanks for the post.

Here is my web site; social.zarya-chern.ru